Дар чанд ҷумла
Охирин зиндонии фирорӣ дар Қирғизистон кушта шуд

Дар ҷараёни амалиёти ниҳодҳои интизомии Қирғизистон Олтинбой Итибоев, охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳё СИЗО дар вилояти Чуйи ин кишвар кушта шудааст.
Бино ба иттилои муқаддамотии Вазорати умури дохилаи Қирғизистон, дар ҷараёни ин амалиёт як сокини ғайринизомӣ тасодуфан кушта ва як корманди ҳизфи ҳуқуқ захмӣ шудаанд.
Тибқи гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Олтинбой Итибоев дар яке аз хонаҳои шаҳри Бишкек сангар гирифта ва ба ниҳодҳои интизомӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.
Рӯзи гузашта дар шаҳри Бишкек Эдил Абдураҳмонов, яке дигар аз маҳбуси фирорӣ боздошт шуда буд. Бад ин тартиб, аз ҷумлаи 9 маҳбус, ки рӯзи 12 октябри соли ҷорӣ аз бодоштгоҳи вилояти Чуй фирор карда буданд, 3 нафар куштаю 3 нафар боздошт шуда ва 3 нафари дигар ба иллати бемориҳо, назири сактаи қалб даргузаштаанд. Аммо мудофеъони ҳуқуқи башари маҳаллӣ мегӯянд, мумкин аст ин се нафари охирӣ ба далели латукӯби пулис ҷон бохтаанд.
Зимнан, ба ҳангоми фирори маҳбусон аз боздоштгоҳ дар рӯзи 12 октябр чор корманди боздоштгоҳ кушта шуданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар Қазоқистон барои издивоҷи маҷбурӣ ва таъқиби шахс ҷазои сангин ҷорӣ мешавад

Президенти Қазоқистон бо ворид кардани ислоҳот ба қонуне розӣ шуд, ки ҳамакнун барои таъқиби касе ва ҳам маҷбур кардан ба издивоҷ ҷазои ҷиноӣ ҷорӣ шавад.
Дар ин бора сомонаи президенти Қазоқистон хабар додааст. Бар асоси ин тағйирот, барои таъқиби пайвастаи шахси дигар аз 1485 доллар ҷарима то 50 шабонарӯз ҳабс пешбинӣ мешавад. Ҷазо инчунин издивоҷи берун аз хоҳишро таҳти таҳдид, хушунат, тамаъҷӯӣ, фош кардани маълумоти беобрӯкунанда ваё расонидани зарарро пешбинӣ кардааст.
Барои издивоҷи маҷбурӣ ҷазо аз 14,8 ҳазор доллар ҷарима то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Агар арӯсӣ бо истифода аз зӯр ва хушунат сурат гирифтааст ваё ҷабрдида ноболиғ аст, дар сурати сӯиистифода аз мансаб ваё бо иштироки гурӯҳи нафарон рух додааст, аз се то ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Агар паёмадҳои сангине дошт, то даҳ соли зиндон муқаррар шудааст.
Инчунин, бар асоси дигар тағйирот ба қонунҳо, дар Қазоқистон нисбат ба занҳо, ноболиғон ва маъюбон ҷазои ҳабси якумрӣ татбиқ намешавад.
Шаҳрдори пуртарафдори Истамбул ба 1,8 соли ҳабс маҳкум шуд. Ин танҳо як иттиҳом аст

Додгоҳе дар Туркия раиси шаҳри Истамбул Акрам Имомоғлуро аз рӯи иттиҳоми таҳқир ва таҳдиди додситони шаҳр ба 1 солу 8 моҳ ҳабс маҳкум кард. Салоҳиятҳои Имомоғлу баъди ҳабси ӯ боздошта шуд ва ба иттилои матбуоти Туркия, айни замон, фаъолияти сиёсии Имомоғлуро маҳдуд накардаанд. Ҳабси Имомоғлу боиси эътирозҳои серҷамъияти тарафдоронаш шудааст.
Баҳонаи боз кардани парванда сӯҳбатҳои раиси шаҳр дар бори додситони калони шаҳри Истамбул Акин Гюрлек дар моҳи январи соли 2025 будааст. Имомоғлу, ки мухолифи асосии президенти Раҷаб Тайиб Эрдуғон мебошад, ҳама иттиҳомҳоро рад мекунад. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки зидди сӯиистифода аз низоми додгоҳӣ ва ба ҳайси василаи сиёсӣ истифода шудани он мубориза бурдааст. “Ин чиз воқеан ҳам таҳқири миллати мо аст”, гуфт Имомоғлу.
Ӯро 19 марти имсол, чанд рӯз пеш аз интихоботи ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумии Туркия боздошт карданд, ки бояд номзад ба президентӣ дар интихоботи соли 2028-ро интихоб мекард. Бо вуҷуди ҳабси Имомоғлу, ҳизбаш маҳз ӯро чун номзади худ пешбарӣ кардааст.
Мақомоти Туркия раиси шаҳри Истамбулро дар ташкил ва раҳбарии созмони ҷиноӣ, ришвадиҳӣ, қаллобӣ ба ҳангоми барпо кардани тендер ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти хусусӣ муттаҳам кардааст.
Ба ғайр аз ин Имомоғлуро инчунин дар мусоидат ба терроризм гумонбар медонанд. Ӯву се нафари дигарро дар иртибот бо Ҳизби коргарии Курдистон, як ташкилоти мамнӯъ дар Туркия муттаҳам мекунанд. Мурофиа аз рӯи ин иттиҳомҳо ҳанӯз шурӯъ нашудааст.
Дар Аврупо шабакаи азими рахнагарони компютерҳои идораҳои давлатӣ ифшо шуд

Евроюст - як идораи Иттиҳоди Аврупо, ки бо додгоҳҳо кор мекунад, рӯзи 16 июл дар бораи безарар кардани гурӯҳи рахнагарон бо исми NoName057(16) хабар дод, ки масъули ҳамлаҳои азими компютерии DDoS ба зербиноҳои муҳими дифоию энергетикӣ ва ҳам идораҳои давлатӣ дар Аврупо мебошад.
Амалиёти байналмилалии сохторҳои ҳифзи қонун бо иштироки 12 давлат, аз ҷумла ИМА рӯзи 15 июл ҷараён гирифт. Дар натиҷа, як шабакаи компютерҳое аз байн бурда шуд, ки барои ҳамлаҳои рахнагарӣ бо истифода аз садҳо сервер дар тамоми ҷаҳон истифода мешуданд. Reuters навишт, ки Олмону Испания нисбати ҳафт гумонбар, аз ҷумла ташкилкунандагони эҳтимолии ин шабака воқеъ дар Русия дастури боздошт содир намуданд.
Дар маҷмӯъ 24 кофтукоб анҷом шудааст. Додситонии Олмон ва Евроюст гуфтанд, ки рахнагарон беш аз 4 ҳазор ихтиёриёнро дар Телеграм, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар пойгоҳҳо барои ин кор ҷалб карда буданд. Танҳо дар Олмон дар паи 14 ҳамлаи рахнагарӣ 230 идора осеб дидааст. Дар Шведсия идораҳои давлативу бонкҳо мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Дар Швейсария моҳи июни соли 2023 ҳангоми суханронии видеоии президент Владимир Зеленский дар парлумон ва инчунин июни соли 2024 зимни баромадаш дар мавзӯи сулҳи Украина мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтааст. Бори охир ҳамла моҳи июн дар ҷаласаи НАТО дар Нидерланди сурат гирифт.
Дар ҳамлаҳои Русия ба Донетск 2 кас кушта ва 27 кас захмӣ шудааст

Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба шаҳри Доброполйеи вилояти Донетск дастикам ду нафар куштаву 27 кас захмӣ гардиданд. Дар ин бора Вадим Филашкин, раиси маъмурияти ҳарбии вилоят хабар дод.
Ӯ гуфт, ки ба ин шаҳр бомбаҳои ҳавоии 500-килограммӣ партоб шуд ва ҳадафи он як фурӯшгоҳи азиме дар маркази шаҳр будааст. Дар натиҷа, 54 дӯкон, 304 манзил ва ҳашт мошин осеб дидааст.
Президенти Украина Владимир Зеленский ҳодисаи рухдодаро «як террори аблаҳонаи русӣ» номид ва гуфт, ки ин ҳамлаҳо ҳеҷ арзиши ҳарбӣ надоранд. Ӯ гуфт: «Ҳеҷ арзиши ҳарбие дар ин ҳамлаҳо нест – ин танҳо талоши куштани мардуми зиёд аст.
Русияи имрӯза пур аз чунин ҳамлаҳо аст. Мо посух хоҳем дод. Бо ҳампаймоҳо ба хотири ба хатми ҷанг водор кардани Русия ҳамкорӣ хоҳем кард».
Дар ҳамлаи Русия ба Украина 2 кас кушта ва 27 тан захмӣ шуданд

Шоми 16-уми июл нерӯҳои ҳавоии Русия ба маркази шаҳри Добропиляи вилояти Донетски Украина бомба партоб карданд.
Зарба тақрибан соати 17 дар маркази савдои "Аврора" замоне сурат гирифт, ки сокинон аз кор бармегаштанд ва мардуми зиёде дар ин марказ ҳузур доштанд.
Вадим Филашкин, раҳбари маъмурии вилояти Донетск хабар дод, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии Русия ба шаҳри Доброполии вилояти Донетск, дастикам ду нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ин бомбаи 500-килограмӣ, ки партоб шуд, ҳадафаш маркази тиҷоратӣ дар маркази шаҳр будааст.
Дар натиҷа 54 нуқтаи савдо, 304 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 8 автомашина зарар дидаанд.
Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский ин ҳодисаро "терроризми аблаҳонаи Русия" номид.
"Муҳоҷирон аз маошашон бештар пул нафиристанд"

Вакилон аз ҳизби "Новые люди" ба Думаи давлатии Русия пешниҳод кардаанд, ки аз ин ба баъд барои муҳоҷирон ба ватан фиристодани пули беш аз маошашон манъ карда шавад.
Ин пешниҳод аллакай таҳия ва ба Бонки марказии Русия ирсол шудааст.
Муаллифони ин пешниҳод гуфтаанд, ки набудани назорати қонунӣ дар ин самт, шароитро барои қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ, гурез аз пардохти андоз ва баровардани сармояи Русия ба хориҷ, фароҳам меорад.
Илова бар ин, вакилони ин ҳизб пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирон ҳангоми аз маошашон бештар равон кардани пул, дар мавриди қонунӣ будани он маълумотнома пешниҳод кунанд.
Назорат болои пули муҳоҷирон иқдоми нав нест.
Қаблан Сергей Миронов, роҳбари ҳизби "Справедливая Россия - За правду” пешниҳод карда буд, ки барои интиқоли пули муҳоҷирон дар ҳаҷми 1 дарсад комиссияи давлатӣ ҷорӣ карда шавад, аммо ин пешниҳоди вай қабул нагардид.
Эҳтимоли коҳиши интиқоли пул ба Тоҷикистон дар се соли оянда

Як созмони хориҷӣ кам шудани интиқоли маблағ ба Тоҷикистонро дар се соли оянда пешгӯӣ кардааст.
Фонди авруосиёии суботу рушд дар гузориши нави минтақавиаш гуфтааст, мушкилоти эҳтимолӣ дар қонунигардонии будубоши муҳоҷирони кории тоҷик метавонад боиси коҳиши интиқолҳо аз 2 то 4 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардад ва мутаносибан сатҳи некуаҳволии аҳолиро поин барад.
Таҳлилгарони Фонд пешбинӣ кардаанд, ки ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон дар соли равон аз 44,7 млрд сомонӣ дар соли 2024, то 40 млрд сомонӣ кам мешавад.
Мувофиқи пешгӯии онҳо, соли 2026 ҳаҷми интиқол то 37 млрд ва дар соли 2027 - то 35 млрд сомонӣ поин хоҳад рафт.
Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2024 маблағи фиристодаи муҳоҷирон 45 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил дод.
Соли 2023 муҳоҷирон ба Тоҷикистон 5,7 миллиард доллар фиристодаанд, ки барои кишвар маблағи "рекордӣ" ба ҳисоб рафта буд.
Артиши Исроил ба Вазорати дифои Сурия зарба задааст

Артиши Исроил рӯзи 16-уми июл ба бинои Ситоди неруҳои мусаллаҳи Сурия воқеъ дар Димишқ ҳамлаи ҳавоӣ кардааст.
Ду манбаи амниятии Сурия ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтаанд, ҳамлаи ҳавоии Исроил бинои Вазорати дифои Сурияро ҳадаф қарор додааст. Ҳанӯз ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳамла мунтазир нашудааст.
Бар асоси ин гузориш, атрофи дафтари президенти Сурия низ аз сӯи неруи ҳавоии Исроил бомборон шудааст.
Исроил гуфт, ки ҳадафаш аз ҳамла, ҳимоят аз ақалияти дурузҳо мебошад. Дар даргириҳо миёни дурузҳо ва неруҳои Сурия дар рӯзҳои ахир, зиёда аз 200 кас кушта шудааст.
Баъди оғози даргирӣ миёни ақалияти дурузҳо ва неруҳои Сурия дар аввали ин ҳафта, артиш ба шаҳри ас-Сувайда ворид шуд. Тибқи гузоришҳо, 15-уми июл артиши Исроил ба неруҳои ҳукуматии Сурия дар ас-Сувайда зарба задааст.
Шайх Ҳикмат ал-Хаҷри, яке аз роҳбарони ақалияти дуруз, ҳукумати Сурияро ба нақзи оташбас ва бомборон кардани шаҳр муттаҳам кард. Артиши Сурия мегӯяд, танҳо ба ҳамлаҳо посух додааст.
Ройтерс: Путин то хостаашро нагирад, ҷанги Украинаро бас намекунад

То замоне, ки Ғарб бо шартҳои пешниҳодкардаи Маскав барои гуфтугӯи сулҳ розӣ нашавад, Владимир Путин ҷанг дар Украинаро қатъ намекунад. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" бо такя ба се манбаи наздик ба Кремл гузориш додааст.
Ба иттилои хабаргузорӣ, Путин ҳарфҳои ахири Доналд Трамп дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои бештарро ҷиддӣ намегирад.
Ҳамсуҳбатони "Ройтерс" гуфтаанд, Владимир Путин бовар дорад, ки иқтисод ва артиши Русия пурқувват ҳастанд ва дар баробари маҳдудиятҳои кишварҳои Ғарбӣ муқобилият карда метавонанд.
Рӯзи 14-уми июл Доналд Трамп, президенти Амрико эълон кард, ки ба Украина силоҳҳои бештар мефиристад. Трамп ҳушдор дод, ки агар Русия давоми 50 рӯз ба сулҳ мувофиқат накунад, ҳамкорони тиҷории Маскавро таҳрим мекунад.
Се манбаи огоҳ ба "Ройтерс" гуфтаанд, Владимир Путин зери фишори Ғарб ҷангро қатъ намекунад, чун бовар дорад, ки Русия тавони муқобила бо таҳримҳои бештари Ғарбро дорад.
Ваколатдор омори нави зиндониёнро дар Тоҷикистон эълон кард

Дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд. Ин омор дар гузориши ахири Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон омадааст.
Омори ахир дар бораи теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2024 нашр шуда буд. Он вақт шумораи зиндониён 13,5 ҳазор кас гуфта мешуд.
Нигаронӣ аз зиёд будани маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон борҳо садо додааст. Азҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли гузашта се зиндони вобаста ба Вазорати адлияро барои аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо танқид намуд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.
Бар асоси гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, соли 2024 дар маҷмуъ 15 ҳазору 600 маҳкумшуда аз ташхиси вирусии норасоии масъунияти бадан гузаронда шуданд.
Манбаъ мегӯяд, аз миёни маҳбусон 30 нафарашон гирифтори ВНМО будаанд. “Ин маҳкумшудагон то лаҳзаи ба муассисаҳои ислоҳӣ ворид шуданашон ба чунин бемориҳо гирифтор будаанд,”-омадааст дар гузориши Омбудсмен.
Мақомоти Тоҷикистон ҳар дафъа дар нишастҳои байнулмилалӣ мегӯянд, баъзе аз зиндонҳо нав ва шароити нигаҳдории маҳбусон ба талаботи байнулмилалӣ наздик шудааст.
Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст.
Даргузашти Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молия

Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ даргузашт. Дар ин бора саҳифаи Вазорати молия дар Фейсбук хабар додааст.
Мақомот дар бораи сабаби марги Наҷмиддинов чизе нагуфтаанд.
Сафаралӣ Наҷмиддинов яке аз мансабдорони собиқадори ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ солҳои 2000-2013 вазири молия ва баъди он то соли 2019 директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа буд.
Номи Сафаралӣ Наҷмиддинов замони кораш дар Оҷонсии суғурта, бештар дар робита ба нафақаҳои ҳангуфт ва нафақаи муҳоҷирон расонаӣ шуда буд.
Белорус як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Русия супурдааст

Мақомоти интизомии Ҷумҳурии Белорус як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ғоратгарӣ дар Русия муттаҳам мешавад, ба ин кишвар супурдаанд.
Шӯрои ҳамоҳангсози додситониҳои кишварҳои муштаракулманофеъ дар як баёнияи расмӣ хабар додааст, ки Зикриоллоҳ Зуҳурзодаро ба Русия супурдаанд, то барои ғорати ду нафар дар назди як маркази тиҷоратӣ дар Маскав ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад.
Дар ин баёния омадааст, Зикриоллоҳ Зуҳурзода, ҳамроҳ бо як шарикаш ба ду нафар дарафтода "аз ҷабрдидагон 5.8 миллион рублро рабудаанд".
Ҷузъиёти дигаре дар бораи ин ҳодиса нест, вале хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 12-уми ноябри соли 2023 гузориш додааст, ки дар ин рӯз ду фарди ношинос ба рӯи ду нафар газ пошида, онҳоро латукӯб кардаанд, бинии якеро ҳам шикастаанд ва 5.8 миллион рубли ӯро ғорат кардаанд.
Дар хабари ТАСС омадааст, ки фарди ҷабрдида ва ғоратшуда, шаҳрванди Чин мебошад.
Трамп гуфт, Зеленский набояд ба Маскав ҳамла кунад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ки Владимир Зеленский, президенти Украина, набояд ба Маскав ҳамла кунад.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Трамп ин изҳоротро рӯзи 15 июл пас аз он ба хабарнигорон баён кард, ки рӯзномаи "Financial Times" гузориш дод, ки раисҷумҳури Амрико Зеленскийро ба ҳамла дар умқи хоки Русия ташвиқ кардааст.
Тибқи гузориши "Financial Times", Трамп аз Зеленский пурсидааст, ки оё бо дарёфти мушакҳои дурбурд аз Амрико метавонад ба Маскав ҳамла кунад ё не?
Вақте хабарнигорон аз Трамп дар ин бора пурсиданд, ӯ посух дод, "на, Зеленский набояд ба Маскав ҳамла кунад" ва афзуд, ки раисҷумҳури Русия бояд зарфи 50 рӯз бо созиши оташбас мувофиқат кунад, дар ғайри он бо таҳримҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.
Амрико ахиран ваъдаи кӯмакаҳои низомии нав ба Украина дод ва рӯзи 15 июл эълон шуд, ки чанд системаи мушакии "Patriot" аз Олмон ба Украина дар ҳоли интиқол аст.
Шӯрои Аврупо 8 фард ва як ниҳоди эрониро таҳрим кард

Шӯрои Аврупо рӯзи 15 июл ҳашт фард ва як ниҳоди Эронро бинобар "нақзи ҳуқуқи башар" ва "саркӯбҳои фаромарзӣ", таҳрим кард.
Бар асоси баёнияи ин Шӯро, афрод ва ниҳоди таҳримшуда ба намояндагӣ аз ниҳодҳои давлатии Эрон дар хориҷ аз кшивар, дар эъдомҳо ва кушторҳои худсарона, нопадид сохтани афроде, ки мухолиф ё мунтақиди сиёсатҳои Ҷумҳурии ислом будаанд, даст доштаанд.
Ин баёния мегӯяд, ки феҳристи нав баёнгари нигарониҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи саркӯби фаромарзӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатии Эрон бо истифода аз афроди гумошта, ба вижа ҷинояткорон ва шабакаҳои ҷиноии созмонёфта, аст, ки мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла, дар қаламрави Иттиҳоди Аврупоро ҳадаф қарор медиҳад.
Шӯрои Аврупо мегӯяд, "Шабакаи Зиндаштӣ", як гурӯҳи ҷиноии вобаста ба Вазорати истихбороти Эронро дар феҳристи таҳримҳои худ қарор дод, ки аз ҷумла, террори мухолифони эронӣ ва афроди мунтақиди сиёсатҳои он кишварро анҷом додааст.
Дар ин феҳрист ҳамчунин раҳбарони чанд шабакаи қочоқи маводи мухаддир, афсарони ниҳодҳои интизомӣ ва кашфи Эрон шомил ҳастанд.
Дороиҳои ин афрод ва ниҳоди таҳримшуда дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо боздошта мешаванд ва онҳо ҳаққи сафар ба қаламрави ин иттиҳодияро надоранд.
"Ташаббуси" нави Володин: аз муҳоҷирон барои патент пули бештар гирифта шавад

Дар порлумони Русия тарҳи санадеро баррасӣ мекунанд, ки зоҳиран хароҷоти муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик барои гирифтани патентро зиёдтар мекунад. Владимир Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфт, ки тарҳи санади мазкур рӯзи 15-уми июл дар нишасти вакилони мардумӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Бар асоси он, муҳоҷир маҷбур мешавад, ки барои гирифтани патент ва ё иҷозаномаи кор, дароз кардани муҳлати он, гирифтани нусхаи патент ва ё ворид кардани тағйирот ба он аз 2100 то 4200 рубли иловагӣ бисупорад.
Владимир Володин афзудааст, ки тарҳи санади нав имкон медиҳад, “бар иловаи афзудани пул дар буҷаи давлат, назорати муҳоҷирон сахттар шавад, ҷойи воқеии иқомати онҳоро муайян кунанд ва дар ниҳоят муҳоҷирати ғайриқонунӣ кам шавад.”
Бар иловаи ин ҳама пешниҳод шудааст, ки ҳаҷми боҷи давлатӣ барои сабти номи хориҷиён аз ҷумла муҳоҷири корӣ дар ҷойи зист, дароз кардани мӯҳлати иқомати онҳо боло бурда шавад. Дар як соли ахир Думаи давлатии Русия на камтар аз 20 санад ва қонунеро қабул кард, ки шарту шароити зиндагиву кори муҳоҷиронро дахл дорад ва онро маҳдуд ва ё сахттар мекунад.
Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, пайваста бардоштани мавзуи муҳоҷират дар Думаи давлатӣ талоше барои дур бурдани афкори умуми Русия аз мушкилоти афзояндаи дохилӣ ва бахусус ҷанги вайронгар дар Украина аст, ки ҷони сарбозони ҷавони зиёдеро мегирад. Русия бузургтарин мизбони муҳоҷирони тоҷик аст ва дар он бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори кишвар кору зиндагӣ мекунанд.