Дар Думаи давлатии Русия рӯзи 15-уми июл тарҳи ду қонунеро рад карданд, ки дар сурати қабул, аҳволи муҳоҷирони кориро дар ин кишвар боз ҳам бадтар месохт. Айни замон тарҳи як санаде қабул шуд, ки харҷи муҳоҷирони кориро барои гирифтани патент ва сабт дар ҷойи иқомат зиёд мекунад.
Тарҳи ду қонуне, ки рад шуд, аз сӯи аъзои Ҳизби либерал демократ, яке аз аҳзоби муҳоҷирситез пешниҳод шудааст. Дар ҷаласаи Думаи давлатӣ дар рӯзи 15-уми июл Сергей Леонов, муовини раиси ҳизб тарҳи ду санадеро муаррифӣ кард, ба бовари ӯ, балоҳоеро, ки муҳоҷирон ба сари мардуми Русия меоранд кам мекунад.
Сергей Леонов дар ҳузури аъзои Дума бидуни овардани омор гуфт, бисёр муҳоҷирон баъди ворид шудан ба Русия худро ҳостелҳо сабти ном мекунанд, ки меҳмонхона ба ҳисоб мераванд. “Дар онҷо як сол ва ё бештар аз он зиндагӣ мекунанд ва барои мардуми маҳали ин ҳостелҳо, дарди сару мусибати зиёд меоранд. Барои ҳамин мо пешниҳод мекунем, ки сабти ҷойи иқомат дар ҳостелҳо фақат то як моҳ бошад.”
Вакилони дигар гуфтанд, ки ҳукумати Русия ва кумитаҳои Дума тарафдори чунин қонун нестанд ва он набояд қабул шавад. Чунин ҳам шуд. Аз миёни тақрибан 400 вакил, фақат 50 нафар ба тарафдории ин тарҳ раъй доданд. Тарҳи дигаре, ки Сергей Леонов пешниҳод кард, ба қарордҳои кории муҳоҷирон бо корфармо иртибот дошт, вале он ҳам рӯи коғазу имзоношуда монд.
Сергей Леонов, вакили Думаи давлатӣ Ҳизби либерал демократ пешниҳод кард, ки муҳлати қарордоди корӣ бо хориҷиён фақат барои як сол таъйин карда шавад.
“Ҳоло мумкин аст, ки қарордоди бемуҳлати корӣ баста шавад. Ба назари мо як сол кофист, ки муҳоҷир уҳдадориҳои кориашро иҷро карда ба ватанаш баргардад. Ва агар қарордод тамом шуд, бояд қарордоди нав бандад. Агар ин корро накард, бар асоси қонунҳои Русия бояд дар муддати 15 рӯз аз кишвар ронда шавад. Ба назари мо, ин тадбир дар умум назорат бар муҳоҷирон ва омадагонро сахттар ва сиёсати муҳоҷиратро беҳтар мекунад,”-гуфт, муовини раиси Ҳизби либерал демократи Русия.
Видеоро инҷо бинед:
Аммо пеш аз намоишкорона рад шудани тарҳи ин ду қонун, Думаи давлатӣ тарҳи чанд санади дигарро пазируфт, ки харҷи муҳоҷирон барои гирифтани патентро зиёд мекунад ва айни замон ба гуфтаи мақомот, имкон медиҳад, ки назорат бар муҳоҷирон cахттар ва ҷойи иқомати онҳо осонтар шавад. Муҳимтарин санад дар ин миён дар бораи ситонидани боҷи давлатӣ барои патент буд.
Алексей Лепаев, муовини вазири молияи Русия дар назди аъзои Дума гуфт, минбаъд барои додани патент ба шаҳрванди хориҷӣ, нусхаи он, тамдиди ин ҳуҷҷат ва ворид кардани тағйирот дар патент боҷи нави давлатӣ таъйин мешавад. Ҳамчунин ҳаҷми боҷ барои сабти номи шаҳрванди хориҷӣ дар ҷойи иқоматаш зиёд карда мешавад.
Дар сурати ҳукми иҷро гирифтани қонун аз рӯзи 1-уми сентябри имсол, муҳоҷирони корӣ барои гирифтани патент ва ё тамдиди он 4200 рубли иловагӣ месупоранд. Дар сурати дароз кардани муҳлати иҷозанома барои кор, айни пулро бояд пардозанд ва агар мехоҳанд, нусхаи патент ва ё иҷоза барои кор бигиранд, 2100 рубли дигар боҷи давлатӣ месупоранд. Вазорати молияи Русия ҳисоб кардааст, ки таъйини боҷи нав барои муҳоҷирони корӣ ба буҷаи давлат 17 миллиард рубл даромади изофӣ меорад.
Вакилони мардумии Русия дар ин ҷаласа гуфтанд, ки дар кишвар бештар аз 6 миллион муҳоҷири корӣ сабт шудааст ва тақрибан 700 ҳазор нафари онҳо ғайриқонунӣ ҳастанд.
Дар муддати ним соли сипаришуда, дар бисёре аз ҷаласаҳои Думаи давлатӣ масъалаи муҳоҷиратро пайваста дар миён гузошта, баҳси зиёд мекарданд ва дар сархати хабарҳои Русия қарор мегирифтанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳар замон, ки мушкилоти дохилии Русия зиёд мешавад, қиматҳо мардумро ба танг меоранд, вакилону мақомот барқасдона масъалаи муҳоҷиратро доғ мекунанд, то афкори мардуми норозиро ба дигар самт баранд.
Ба гуфтаи онҳо, дар ин замон, ки ҷанги давомдор ва вайронгари пурталафоти Русия дар Украина мардумро норозӣ кардааст, дигарбора масъалаи муҳоҷирати кориро пеш кашидаанд.
Вакилони Думаи давлатии Русия гуфтаанд, баъди ҳамла ба «Крокус» дар соли 2024 дар умум зиёда аз 30 қонуни зидди муҳоҷирон қабул шудааст.
Думаи давлатии Русия дар як соли охир наздик ба 40 қонуни нави марбут ба муҳоҷиратро қабул кард. Ангуштнигорӣ ва супурдани геном дар марз, сода кардани ихроҷи муҳоҷирон, сахттар кардани имтиҳони забони русӣ, назорати ҳаракати онҳо ба воситаи телефон, маҳдудияти баъзе касбу пешаҳо ва қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия аз ҷумлаи онҳост. Дар пайи ҷорӣ намудани чунин дигаргуниҳо рейду санҷиш ва боздошту тафтиши муҳоҷирон бештар ба назар мерасад.