Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби доллар поинтар шуд, вале нархҳо бетағйир мондаанд


Дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон арзиши доллари амрикоӣ дар баробари пули миллии сомонӣ ба таври камсобиқа поин рафта, қурби 100 доллар баробар ба 954 то 964 сомонӣ таъин шудааст. Чаҳор моҳ пеш 100 доллар 1085 то 1090 сомониро ташкил медод.

Ба назари иқтисоддонҳо, беқурбшавии доллар нисбат ба сомонӣ сабабҳои гуногун дорад.

Зулфиқори Исмоилиён, шореҳи иқтисодӣ сабаби поин шудани қурби долларро дар ҷорӣ кардани боҷҳои гумрукии ҳангуфт аз тарафи раиси ҷумҳури Амрико бо шарикони иқтисодиаш медонад.

Аммо Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси иқтисодӣ назари дигар дорад. Вай рӯзи 14-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, додугирифт миёни кишварҳои пасошӯравӣ бо рубли русӣ бештар шудааст ва ин раванд талабот ба долларо кам намуда, ба поинравии қурби он мусодат кардааст.

Дар баробари чунин омилҳо, ба назари Шариф Раҳимзода, ки дар гузашта раиси Бонки миллӣ низ буд, афзоши пасандозҳо бо сомонӣ, ба коҳиши қурби доллар метавонад таъсир гузорад.

Қурби доллар поинтар шуд, вале нархҳо бетағйир мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Вай қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки кам шудани талабот бо доллар, вазъи иқтисодиёти ҷаҳон, дигар шудани муносибатҳову вазъи иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони иқтисодии Тоҷикистон, аз омилҳоеянд, ки сабаби поин омадани қурби доллар шудааст.

"Бубинед, фақат дигар шудани сиёсати Амрико бо Русия боиси он гардид, ки қурби доллар дар Русия аз 100 то 80 рубл поён равад. 20 фоиз, ин хеле калон аст. Ва дар Русия боз фикр доранд, ки поин меравад, дар мо ҳам ҳамин аст",-шарҳ дод, Шариф Раҳимзода.

Баъд аз оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия бо кишварҳои шарики тиҷоратии худ, аз ҷумла Тоҷикистон муомилотро бо рубли русӣ ба роҳ андохт.

Моҳи июни соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як барномаи зиддибуҳронии махсус тасмим гирифт, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли русӣ ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки милии Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта ҳангоми як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) қариб 60 дарсади пардохтҳо бо рубли Русия ва боқимонда, 36 дарсад, бо доллари ИМА сурат мегирад.

Дар гузашта тоҷирон яке аз сабабҳои гаронии нархҳоро ба афзоши қурби доллар рабт медоданд.

Рӯзи 14 июл пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки бо поин рафтани қурби доллар, сокинон дар нархномаи маҳсулот дигаргуниеро эҳсос накардаанд. Яке аз мусоҳибони мо гуфт, "баҳонаи доллар мекарданд, ҳоло доллар паст шудааст, лекин нарху наво ҳамон хел истодааст".

Ҳамсӯҳбати дигари мо посух дод, "дар дохили кишвар нархҳо боло рафта истодааст. Инро акнун худи ҳамон соҳибкорон медонанд".

Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ якбора паст шудани қурби долларро то ҳол шарҳ надодаанд. Поёнравии қурби доллар аз оғози моҳи апрел оғоз шуд.

Баъзе иқтисодшиносон ин вазъро ба таърифаҳои ҷорикардаи маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико низ рабт медиҳанд, ки дар оғози моҳи апрел барои молу колои 185 кишвари ҷаҳон таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG