Шаҳзода Назарзода, пажӯҳишгар ва нависандаи мустақили тоҷик
Баҳманёр, нависандаи барҷастаи тоҷик, аз ибтидои даҳаи 1980 то охири даҳаи 2000 ба шуҳрати қобили таваҷҷуҳ даст ёфт ва ин давра авҷи фаъолияти адабии ӯ буд. Дар даврони перестройка то ибтидои даҳаи 2000, номи Баҳманёр мутародиф бо насри тоҷик буд ва аксар дар рӯйдодҳои адабӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирифт. Асарҳои ӯ ба унвони нуқтаи авҷи адабиёти тоҷик шинохта мешавад ва ӯро ба яке аз барҷастатарин нависандагони ин кишвар дар он давра табдил кардааст.
Бо вуҷуди шуҳраташ, Баҳманёр танҳо ду асари мунташиршуда дорад. Насри ӯ, ки бо ғановати шоирона, танзи зариф ва тасвирсозиҳои зинда мушаххас мешавад, бар дараи хаёлии Сармаддеҳ тамаркуз дорад; минтақаи рустоие, ки мардумони меҳрубони тоҷик дар он зиндагӣ мекунанд. Ин дараи хаёлӣ, ки фоқиди фанновариҳои модерн монанди мошин, автобус ё ҳавопаймо аст, намунае аз зиндагии суннатии рустоии Тоҷикистон ва ҳувияти фарҳангии амиқи тоҷикон маҳсуб мешавад (манбаъ 1).
Саъдии Саид, пажӯҳишгари мустақил ва донишомӯхтаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, бар тамаркузи нависандагони муосири тоҷик бар зиндагии рустоӣ ва суннатҳои фарҳангӣ таъкид дорад. Ӯ ишора мекунад, ки бисёре аз нависандагони тоҷик, ки дар минтақаҳои рустоӣ ё дараҳо таваллуд ва бузург шудаанд, аз ин фазоҳо дар асарҳояшон баҳра мебаранд (Саид, манбаъ 4, саҳ. 3). Бо ин ҳол, Баҳманёр як истисно аст. Ӯ, ки дар соли 1954 дар Панҷакент таваллуд шуд, зодгоҳи хешро ба унвони махзани фарҳанги суннатии тоҷик медид, монанди дараҳои рустоие, ки дар асарҳояш ба тасвир кашидааст. Тасвирсозии ӯ аз Сармаддеҳ бозтобдиҳандаи сабки зиндагии рустоҳои Тоҷикистон аст ва ҳисси ҳувияти фарҳангии муштаракро тақвият медиҳад.
Мунаққидон Сармаддеҳро бо Тоҷикистони пеш аз давраи Шӯравӣ муқоиса кардаанд; замоне, ки фанновариҳои модерн монанди телефон ё васоили нақлиёти механизатсияшуда вуҷуд надоштанд. Ин резонанси таърихӣ боис шудааст, ки Сармаддеҳ барои хонандагони тоҷик қобили ламс бошад, чун аксар зиндагии рустоии хешро дар он бозмеёбанд (манбаъ 1). Достонсароии Баҳманёр фаротар аз тақсимбандиҳои минтақаист ва бо эҷоди ривояте якпорча барои тоҷикон, бо “маҳалгароӣ” ё табъиз бар асоси зодгоҳ муқобила мекунад. Сабки адабии мунҳасир ба фарди ӯ, ки пеш ва пас аз ӯ дар Тоҷикистон бемисол буда, ӯро ба садои ягона дар адабиёти тоҷик табдил кардааст.
Бо вуҷуди ин дастовардҳо, асарҳои Баҳманёр ба таври васеъ дар мактабҳо ё барномаҳои дарсии донишгоҳҳои Тоҷикистон тадрис намешаванд. Ин ғафлат метавонад шоҳкори ӯ, Сармаддеҳ, ва тасвири безамонаш аз ҳувияти тоҷикиро ба фаромӯшӣ бисупорад. Барои ҳифзи мероси ӯ, ибтикорони донишгоҳӣ монанди семинарҳо, мақолаҳои пажӯҳишӣ ва конфронсҳои ихтисосӣ ба асарҳои Баҳманёр зарур аст. Сабки ӯ, ки аксар ба унвони намунае асили фарҳанги тоҷикӣ тавсиф мешавад, дар тавозун бо суннати реализми Шӯравӣ қарор дорад ва ҷойгузини ғиноӣ ва решадор дар фарҳанг пешниҳод медиҳад, ки шоистаи таваҷҷуҳи бештаре аст.
Яке аз монеъҳои асосӣ дар масири қадрдонии ҷаҳонии адабиёти тоҷик, аз ҷумла Сармаддеҳ, камбуди тарҷумонҳои адабии моҳире аст, ки бо стандартҳои академик ва нашри ғарбӣ ҳамхонӣ дошта бошанд. Дар се даҳаи гузашта, кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон, тарбияти тарҷумонҳо барои аҳдофи ҳуқуқӣ ва тиҷоратиро дар авлавият қарор додаанд, то равобити байналмилалӣ ва истиқлоли миллиро тақвият кунанд. Дар натиҷа, тарҷумаи адабӣ мавриди ғафлат қарор гирифта ва ин амр диди ҷаҳонии адабиёти тоҷикро маҳдуд кардааст. Ин мавзӯъ боис шуда, ки мухотабони ғарбӣ умдатан аз одобу русуми фарҳангии тоҷик бехабар бимонанд ва фақат ба расонаҳои дохилӣ вобаста бошанд (манбаъ 2). Ҳатто бо вуҷуди тарҷумонҳои моҳир, интиқоли ғановати забони шоирона, бозиҳои забонӣ ва наввожаҳои Баҳманёр дар Сармаддеҳ ва Шоҳаншоҳ чолиши бузург аст. Тарҷумонҳо метавонанд фақат чаҳорчӯби ровиро интиқол кунанд ва умқи фарҳангӣ ва забонии асари ӯро аз даст диҳанд (манбаъ 2).
Шуҳрати Баҳманёр пас аз нашри романи дуввумаш, Шоҳаншоҳ, ки аз фазои рустоии Сармаддеҳ фосила гирифт, рӯ ба коҳиш ниҳод. Ин роман, ки дар шаҳре монанди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, рух медиҳад, достони нависандае таваллудшуда дар Сармаддеҳро пайгирӣ мекунад, ки дар зиндагии шаҳрӣ ҳаракат мекунад ва дар замон ба давраи таърихии бостонӣ сафар мекунад. Ин тағйири тамаркуз метавонад хонандагонеро, ки интизори идомаи ровияти Сармаддеҳ буданд, ноумед карда бошад (манбаъ 1). Илова бар ин, набуди таъомули донишгоҳӣ, монанди гунҷонидани асарҳои Баҳманёр дар барномаҳои дарсии донишгоҳӣ ё нашри таҳлилҳои илмӣ, ба коҳиши шуҳрати ӯ кумак кардааст. Агарчи пажӯҳишгарони тоҷик мақолоте дар бораи Баҳманёр навиштаанд, ин мақолот дар маҷмӯъаҳои пароканда мунташир шудаанд ва конфронсҳое барои ҳифзи мероси ӯ дар миёни наслҳои ҷадид баргузор нашудааст.
Пажӯҳишгари тоҷик, Анзурати Маликзод, дар маҷмӯъаи мақолоти худ дар соли 2025 бар аҳамияти ваҳдати фарҳангӣ дар ҷомеаи тоҷик таъкид дорад. Ӯ дар мақолае бо унвони «Ваҳдат - пояи асосии ҷовидони як миллат» пешниҳоди таъсиси муассисаи пажӯҳишӣ дар Душанбе барои мутолиаи ваҳдат ва сулҳсозӣ дар ҷомеаи тоҷик ва фаротар аз онро матраҳ мекунад (Маликзод, манбаъ 3, саҳ. 201). Масъалаи фарогири маҳалгароӣ дар доираҳои академик ва иҷтимоии Тоҷикистон, асарҳои Баҳманёрро беш аз пеш ба ҳошия ронда ва хатари фаромӯшии Сармаддеҳ ва дастовардҳои ӯро афзоиш додааст.
Аз даст рафтани мероси Баҳманёр, фоҷиаи бузурге барои адабиёти муосири тоҷик хоҳад буд. Барои ҷилавгирӣ аз ин амр, талошҳои ҳамоҳанг барои тарвиҷи асарҳои ӯ аз тариқи мутолиаи академикӣ, бознашр ва тарҷума лозим аст. Бо парвариши насли ҷадиде аз тарҷумонҳо ва пажӯҳишгарони ихтисосёфта ба адабиёти тоҷик, Сармалдеҳ метавонад ба шинохти ҷаҳоние, ки шоистаи он аст, даст ёбад ва ҷойгоҳи хешро ба унвони шоҳкоре ҷовидон дар гуфтугӯи адабии ҷаҳонӣ таъмин кунад.
Зани шаҳрӣ дар Шоҳаншоҳ
Баҳманёр ба далели ковиши зарифи мавзӯи занон ва занонагӣ дар асарҳои адабиаш, ба хусус дар Шоҳаншоҳ, барҷаста аст. Ин роман улгуи зани муосири шаҳрии тоҷикро муаррифӣ мекунад ва ӯро бо занони суннатии рустоӣ ва шахсиятҳои таърихии зан муқоиса мекунад. Аз тариқи шахсиятҳои Чисто ва Сито, ду хоҳар, ки намунаи озодиҳои муосир ҳастанд, Баҳманёр ба баррасии таҳаввулоти иҷтимоии занони тоҷик мепардозад.
Баҳманёр аз маъдуд нависандагони марди тоҷик аст, ки ба таври васеъ ба мавзӯи занон ва занонагӣ пардохтааст. Асари пешинаи ӯ, Сармаддеҳ, ба далели тасвирсозии зинда аз зиндагии занони рустоӣ ва ҷузъиёти рӯзмарраи онҳо мавриди таҳсин қарор гирифтааст. Дар муқобил, Шоҳаншоҳ бар занони шаҳрӣ тамаркуз дорад ва занонагии муосир ва ҷаҳоние пешниҳод медиҳад, ки бо ҳинҷорҳои суннатӣ чолиш мекунад.
Дар Шоҳаншоҳ, Баҳманёр Чисто ва Сито, ду хоҳаре, ки таҷассуми зани муосири шаҳрии тоҷик ҳастанд, муаррифӣ мекунад. Бар хилофи занони рустоии Сармаддеҳ, ки реша дар суннатҳо ва одобу русуми рустоӣ доранд, Чисто ва Сито сабки зиндагии ҷаҳоние ба намоиш мегузоранд. Онҳо ба таври мустақил дар опортомони шаҳрӣ зиндагӣ мекунанд ва аз назорати волидайн озод ҳастанд, чун волидайнашон дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд. Дойраи иҷтимоии онҳо шомили дӯстони мард, монанди мураббии рақси Чисто ва ҳамсояи мармузашон Бобокалон, аст, ки нишондиҳандаи гусаст аз ҷудосозии ҷинсиятии суннатӣ аст.
Ин роман ҳамчунин саги аҳлиро ба унвони намунаи мудернита муаррифӣ мекунад, ки дар тавозун бо нақши суннатии сагҳо ба унвони ҳайвоноти нигаҳбон ё ҳамроҳи чупонон дар Сармаддеҳ аст. Дар Шоҳаншоҳ, саг як ҳайвони хонагист, ки ҳеҷ нақши корбурдӣ надорад ва ҷудоии муҳити шаҳрӣ аз суннатҳои рустоиро барҷаста мекунад. Дар адабиёти тоҷик, аз ҷумла асарҳои Баҳманёр, сагҳо маъмулан намунаи вафодорӣ ё ҳифозат будаанд, аммо дар Шоҳаншоҳ, нақши саг ба унвони ҳамроҳ, ҳассосиятҳои муосири ин ду хоҳарро нишон медиҳад.
Чисто, хоҳари бузургтар, ҷасур, қотеъ ва ба таври комил занона ба тасвир кашида шудааст, дар ҳоле ки Сито, хоҳари хурдтар, зарифтар ва муҳофизакортар аст ва рагаҳое аз занонагии суннатии тоҷикиро нигоҳ доштааст. Ҳар ду хоҳар ба забони русӣ таҳсил кардаанд, аксар аз ибороти русӣ истифода мекунанд ва рафторҳое мутаъассир аз моделҳои фарҳангии рус ва ғарбӣ нишон медиҳанд. Ин дугонагии забонӣ ва фарҳангӣ, онҳоро ба унвони шахсиятҳои пешрав муаррифӣ мекунад, ки аз тариқи ноавожаҳо ва гуфтугӯи фикрӣ ба полоиши забони тоҷикӣ кумак мекунанд.
Ровии роман, ки ба навъе худи нависанда аст, равобити мураккабе бо ин ду хоҳар барқарор мекунад. Кунҷковии ибтидоии ӯ нисбат ба Чисто ба як ҷаззобияти ошиқонаи яктарафа табдил мешавад, дар ҳоле ки тарҷеҳи ӯ ба Сито таниши миёни гароишҳои суннатиаш ва дидгоҳи муосири ин ду хоҳарро ошкор мекунад. Ин пӯёӣ, муборизаи ровиро барои оштӣ додани мардонагии суннатии шарқии хеш бо озодиҳои пасомодерни ин ду хоҳарро нишон медиҳад.
Тасвирсозии Баҳманёр аз Чисоа ва Сиоа бозтобдиҳандаи модернизатсияи оҳиста, аммо пайвастаи ҷомеаи тоҷик аст. Истиқлол, чандзабонагӣ ва таъомули ин ду хоҳар бо шеваҳои фарҳангии ҷаҳонӣ - монанди нӯшидани қаҳва, лаззат бурдан аз шароб ва қадрдонии синамои фикрӣ - онҳоро ба пешгомони занонагии ҷадиди тоҷикӣ табдил мекунад. Бо ин ҳол, нороҳатии гоҳ ба гоҳи ровӣ аз интихобҳои пасомудерни онҳо, зеҳнияти суннатии пойдорро нишон медиҳад ва таниши миёни мудернита ва мероси фарҳангиро барҷаста мекунад.
Ин роман ҳамчунин равобити ғайримутаъориф, монанди дӯстии Чисто бо як мураббии рақси ҳамҷинсгаро, ковиш мекунад, ки дидгоҳи суннатии ровиро ба чолиш мекашад. Баҳманёр аз тариқи ин таъомулот, сахтии мардонагии суннатии тоҷикиро нақд мекунад ва ниёзи қабули бештари ҳувиятҳои мухталифро пешниҳод медиҳад.
Агарчи Шоҳаншоҳ ба шуҳрати васеъи Сармаддеҳ даст наёфтааст, аммо ба далели тасвирсозии зани шаҳрӣ, ба адабиёти тоҷик кумаке муҳим кардааст. Тамаркузи роман бар Чисто ва Ситоа ба унвони улгуҳои занони муосири Душанбе - таҳсилкарда, чандзабона ва аз назари фарҳангӣ пешрав - гусасте аз бознамоиҳои суннатии адабист. Бо ин ҳол, сабки ровии ин роман фоқиди зарофати шоирона ва инсиҷоми Сармаддеҳ аст, ки шояд бозтобдиҳандаи қасди Баҳманёр барои иттихози шеваи баёнии ҷадид муносиб бо заминаи шаҳрӣ бошад.
Моҳияти ҳамкории эҷоди ин роман, ки шомили Чисто, Сито ва Бобокалон аст, равиши навоваронаи онро беш аз пеш барҷаста мекунад. Ин шахсиятҳо на танҳо ровиро шакл медиҳанд, балки дидгоҳҳои суннатии ровиро ба чолиш мекашанд ва ковиши матн дар мудернита ғанитар мекунанд.
Хулоса
Шоҳаншоҳи Баҳманёр асари муҳаввар дар адабиёти тоҷик аст, ки улгуи зани муосири шаҳриро аз тариқи шахсиятҳои Чисто ва Сито муаррифӣ мекунад. Бо муқоисаи истиқлол ва дугонагии фарҳангии онҳо бо шахсиятҳои таърихии рустоии зан, Баҳманёр нақши дар ҳоли таҳаввули занон дар ҷомеаи тоҷикро барҷаста мекунад. Агарчи ин роман метавонад ба зарофати адабии Сармаддеҳ нарасад, аммо ба далели тасвирсозии занонагии шаҳрӣ ва нақди ҳинҷорҳои суннатӣ, матне арзишманд барои дарки масири адабиёти тоҷик ва пасошӯравист. Мутолиоти оянда бояд Шоҳаншоҳро бознигарӣ кунанд, то ҷойгоҳи он дар конуни адабӣ ва таъсираш бар бознамоии занон дар гуфтугӯи адабии тоҷик арзёбӣ шавад.
Манобеъ
- Баҳманёр, Шоҳаншоҳ, роман, Душанбе: «Эҷод», 2007, 264 саҳ.
- Баҳманёр, Сармаддеҳ, роман, Душанбе: Адиб, 2013, 472 саҳ.
- Анзурати Маликзод, Дируз ва имрузи адабиёти тоҷик, ҶДММ «Меҳроҷ Граф», Душанбе, 2024, 224 саҳ.
- Саъдии Саид, Тасвири симои ҷавон дар насри муосир, Самарқанд: «Турон Нашр», 2021, 224 саҳ.
Аз идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
Гуфтугӯ