Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Масъулони созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ду соли охир чиҳил шикоятро дар бораи шиканҷа шудани боздоштшудаҳо сабт кардаанд. Намояндагони Додситонии кул мегӯянд, аз аввали имсол ба дасти онҳо шаш ариза расид, “аммо ҳеч кадоме тасдиқ нашуд”.
Дар шаҳри Душанбе имрӯз гуруҳе аз муфаттишон, масъулони зиндонҳои Тоҷикистон ва ҳомиёни ҳуқуқ ҷамъ омаданд ва шеваҳои аз байн бурдани шиканҷаву бадрафтории маъмурони милисаро баррасӣ карданд.
Давоми беш аз 50 соли фаъолияти эҷодияш вай даҳҳо асарҳои таърихӣ навиштааст, ба мисли «Куруш ва Томирис», «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен», «Рухшона», «Метис» ва «Фариштаҳои бадманиш». Дар зодрӯзаш Бароти Абдураҳмон меҳмони Радиои Озодӣ шуд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон, ки асарҳои зиёди таърихӣ навишта, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аст, 15-уми сентябр 75-сола мешавад. Вай даҳҳо асарҳои таърихӣ навиштааст, ба мисли «Куруш ва Томирис», «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен». Бароти Абдураҳмон меҳмони Радиои Озодӣ шуд.
31 сол пеш, 9-уми сентябри соли 1991, Тоҷикистон аз Шӯравӣ ҷудо ва кишвари мустақил шуд. Имсол сокинони Душанбе иди истиқлолро дар ҷойи наве таҷлил карданд, ки сохтмонаш баҳсбарангез буд.
Тоҷикистон 31 сол пеш истиқлол ба даст овард. Назарпурсии он замон нишон дода буд, ки аксари мардум тарафдори дар ҳайати Шӯравӣ мондан ҳастанд, Солҳои ахир назарҳо дигар шудааст. Хабарнигори Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсид, ки мафҳуми истиқлол чист?
Беҳном Бонӣ, овозхони шинохтаи эронӣ, ба Тоҷикистон омадааст, то рӯзи 3-юми сентябр дар Душанбе ба таври “зинда” консерт бидиҳад. Пеш аз он ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ посух гуфт.
Шаҳрия Аҳтамзод рӯзи дувуми сентябр 70-сола шуд ва ба ин баҳона ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бораи шеъру ҷанги дохилӣ ва рӯзгори пур печу хамаш посух дод.
Шоир Шаҳрия Аҳтамзод, муаллифи “Ашки шақоиқ”-у “Зан дар асорати танҳоӣ”, рӯзи дувуми сентябр 70-сола шуд ва ба ин баҳона ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бораи шеъру ҷанги дохилӣ ва рӯзгори пур печу хамаш посух дод.
Рӯзи 1-уми сентябр соли нави таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон шуруъ шуд. Имсол беш аз 272 ҳазор бори аввал ба мактаб рафтанд. Дар рӯзи аввали таҳсил мақомот аз нарасидани омӯзгорон дар мактабҳо нигаронӣ карданду донишгоҳҳо аз камбуди донишҷӯён.
Ду миллион лампаи каммасрафи симобдор, ки мақомот замоне мардумро ба истифодаи он маҷбур карданду ҳоло мегӯянд, аз он даст кашед, дар анборҳои Тоҷикистон «хуфтаанд». Баъзе аз экологҳо симоби дохили лампаҳоро ба ҳаёти сокинон хатарзо медонанд.
Дар Тоҷикистон солҳост, ки баҳси харидани либосҳои мактабӣ идома дорад. Теъдоде аз волидон мегӯянд, мактабҳо бо ширкату корхонаҳои алоҳида шартнома доранду либоси ягона бисёр гарон аст ва хариди он барои хонаводаҳои серфарзанд – миёншикан.
Дар Тоҷикистон солҳост, ки баҳси харидани либосҳои мактабӣ идома дорад. Мақомот мегӯянд, либоси ягонаи ҳатмӣ ва истеҳсоли дохилӣ барои ҷомеаву иқтисоди кишвар хуб аст, теъдоде аз волидон мегӯянд, либос бисёр гарон аст ва хариди он барои чаҳор фарзанд миёншикан аст.
Фурудгоҳи шаҳри Душанбе шоми 19-уми август серодамтар буд. Бисёриҳо бо парчам ва шиорҳо омаданд. Ҳамаи онҳо ба истиқболи як мусофир омаданд - Эмомалӣ Нуралӣ.
Эмомалӣ Нуралӣ, барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон шоми 19 август ба Тоҷикистон баргашт ва дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо истиқболи гарми наздикон, ҳаводорон ва мақомоти варзиши тоҷик рӯбарӯ шуд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти қатли ҷавони 23-солаеро нишон дод, ки дӯсташ ва писари як паҳлавони маъруфи тоҷикро дар куштани у муттаҳам кардаанд.
Мақомоти тоҷик тасмим гирифтаанд то ҳашт соли дигар аҳолии кишварро пурра бо оби ошомиданӣ таъмин намояд.
Барои таъмини тамоми Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 8 соли дигар лозим будааст.
Фаъолияти ширкате, ки дар бораи сохтани пойгоҳи биткойнсозӣ дар Тоҷикистон хабар дода буд, қатъ шудааст. Мақомот гуфтанд, фаъолияти "Ганҷ Текнолоҷӣ", ба қонунгузорӣ мухолифат дошт. Назари масъулони ширкат дастрас нест.
Ёфтҳои бештар