Аз соли 2001 ҳамкори Бахши тоҷикии радио "Озодӣ" мебошад. Пеш аз он хабарнигори радиои "Садои Хуросон" дар Душанбе буд. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Суруш" буд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико оид ба ҳуқуқи башар ба масъалаи ҳаққи дастрасӣ ба Интернет ва истифода аз он низ таъкид шудааст.
Ҳадаф аз таҳия ва тасвиби ин қонун беҳбуд бахшидан ба вазъи хидмати тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он унвон шудааст.
Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон хостори баргузории раъйпурсӣ ба манзури коҳиши ихтиёроти раиси ҷумҳур ва афзудан ба салоҳиятҳои порлумон шудаанд.
Барномаи ин навбати «Чашмандоз»-и мо ба руйкардҳои ахир дар сиёсати хориҷи Тоҷикистон, интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ки муҳимтарин шарики роҳбурдии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва ба пирузии Дмитрий Медведев дар он интихобот, ва аз ин муҳимтар ба пайомади пирузии Медведев барои муносиботи Тоҷикистону Русия бахшида мешавад.
Мазореъи кишти хашхош дар Афғонистон тавсеъа пайдо карда ва ба ин тартиб, имкони тавлид ва қочоқи он дар соли равон вуҷуд доштааст.
Коршиносони тоҷик умдатан ба ин назаранд, ки пас аз интихоби Д. Медведев сиёсати Кремл дар нисбати Тоҷикистон таҳаввули усулӣ нахоҳад дид.
Ба ақидаи соҳибназарон ва донишмандони тоҷик, мактаби тарҷума дар Тоҷикистон ба сурати бесобиқа заъиф шудааст.
Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост, аз сафарҳои нозарур дар ҷодаҳои байнишаҳрӣ худдорӣ кунанд.
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт арзиши пули миллӣ бояд дар нисбати асъори кишварҳое таъин шавад, ки Тоҷикистон бо онҳо ҳамкорӣ ва иштироки иқтисодӣ дорад.
Созмони Милал зимни муроҷиати изтирорӣ аз созмонҳову кишварҳои кумакрасон барои пушти сар гузоштани буҳрони Тоҷикистон кумак дархост кард.
TajikAir мегӯяд, иҷозаи фуруд наёфтани ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар фурудгоҳи Маскав 30 000 доллар зарар ворид кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аз мақомоти ниҳодҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ тақозои нигаҳдории сатҳи таваррум ё инфлятсия дар соли оянда дар ҳудуди ҳашт дарсадро кардааст, ки коршиносон ва иқтисоддонҳо мегӯянд ин ҳол як амали тақрибан ғайри қобили пешбинӣ ва бо таваҷҷуҳ ба авзои тағйирпазири иҷтимоӣ ва иқтисодӣ амалан номумкин хоҳад буд.
Суханони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки фаъолияти ҳукумати худ дар 15 соли охирро танқид кард, вокунишқои гуногун ба миён овард.
Имрӯз, 6-уми декабр, ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ба табъ расиданд. Мавзӯъи матолиби умдаи онҳо чист?
Ду гуруҳи 165 - нафарӣ аз зоирини хонаи Худо субҳ ва шоми 27 ноябр Душанберо ба қасди Ҷидда тарк карданд ва ба гуфтаи мақомоти марбута то рузи 11 декабр қарор аст, тавассути 31 парвози махсус ҳамаи зиёраткунандагони хонаи Худо, ки иҷозаи сафарро гирифтаанд, ба Ҷидда мунтақил шаванд.
Ба гуфтаи масуъулини созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон, барои рафъи низоъҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам умдатан аз хушунат кор гирифта мешавад.
Ширкати чиноии «Содироту воридоти маъдан» («East-Resources Import & Export Со») тасмим гирифтааст, ки ду маркази гармидии умумии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ва шаҳри Ёвонро бозсозиву мавриди баҳрабардории дубора қарор диҳад.
Ёфтҳои бештар