Аз соли 2001 ҳамкори Бахши тоҷикии радио "Озодӣ" мебошад. Пеш аз он хабарнигори радиои "Садои Хуросон" дар Душанбе буд. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Суруш" буд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад.
Бо номзади вакили Маҷлиси намояндагон шудани Амиршо Миралиев, раиси дастгоҳи иҷрояи президенти Тоҷикистон, баҳси ҷойгузини ӯ низ бештар матраҳ мешавад.
Маркази хабарӣ ва таҳлилии Регнум натиҷаи як таҳқиқотеро роҷеъ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, мизони тавсеаи онҳо ва нуфузи раҳбарони ин кишварҳо мунташир кардааст.
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, баъди як сафари расмии дурӯза Тоҷикистонро тарк гуфт, вале ин сафар баҳонаҳоеро барои таҳлил ва ҳатто ҳадсу гумон боқӣ гузоштааст.
Президентҳои Тоҷикистон ва Эрон изҳор доштанд, ки ҳамраъйӣ ва коршарикии байни ду давлатро дар оянда низ густариш ва таҳким хоҳанд дод.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи чаҳоршанбеи худ Қонуни истифода аз манобеъи барқароршавандаи энержиро қабул кард.
ҲСДТ бо доир намудани анҷумани худ феҳрасти номзадҳои худ ба ҳавзаи ягонаи интихоботиро иборат аз 22 нафар тасдиқ ва ба КМИР ироа кард.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба Қонуни ҳаракат дар роҳ ва Қонуни дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа, сиёҳ кардани шишаи мошинҳоро иҷоза дод.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро пурра тасдиқ кард.
Ҳайати нави Комиссияи марказии интихобо ва раъйпурсӣ барои таъйиди салоҳияташон ба Маҷлиси намояндагон муаррифӣ шудааст. Ҳизби Зоиров дар он ҳузур нахоҳад дошт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо нашри фармоне 28-уми феврали соли 2010– ро таърихи баргузории интихобот ба Маҷлиси намояндагон таъин кард.
Наздик шудани интихоботи порлумонӣ дубора боиси авҷ гирифтани баҳсҳои дохилии аҳзоби чанддасташудаи Тоҷикистон мешавад.
Намоишноми «Офати нафс», ки бештар ба унвони «Хари сӯфӣ» низ маъруф аст, барои бори панҷоҳум дар саҳнаи театри Лоҳутӣ ба намоиш омад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар охирин ҷаласаи худ намунаҳои саҳмиябаргаҳои нерӯгоҳи Роғун, тартиби ба фурӯш гузоштан ва замони баҳрабардорӣ аз онро баррасӣ кардааст.
Нахустин созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Порлумони соли 1990 порлумонест, ки ҳам ифтихори эълони истиқлоли Тоҷикистон, вале ҳам ангезаи оғози ҷанги дохилиро ба номи худ робита додааст.
Кишварҳои фаросӯи Омӯ имкони бузурги мусоидат ба эҳёи Афғонистонро доранд, аммо стратегияи ноҳамоҳанги ин кишварҳо ин имконро номусоид кардааст.
Қабули дархости ширкатҳои сармоягузор барои иштирок дар тендери истихроҷи кони нуқраву сурбу руҳ воқеъ дар шимоли Тоҷикистон то ду ҳафтаи дигар идома хоҳад кард.
Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кардааст, ки бино бар он барои ироаи иттилоот манбаъ ҳақ дорад, ки маблағ талаб кунад.
Хабаргузории давлатии «Ховар» аз ҳамаи хабарнигорони кишвар даъват кардааст, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун кӯмаки молӣ кунанд.
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон бо хабарнигорон мулоқот кард ва роҷеъ ба ҷараёни ислоҳоти соҳаи маориф ҳисоботе пешниҳод намуд.
Ёфтҳои бештар