Пайвандони як духтари чечен талош карданд ӯро аз Гурҷистон рабоянд

Пайвандони як духтари чечен, ки аз хушунати хонаводагӣ ба Гурҷистон фирор карда буд, ӯро дуздида талош карданд ба Русия баранд. Дар ин бора гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи "Маарем" хабар доданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Лаура Авторханова рӯзи 13-уми июл ба кормандони паноҳгоҳ хабар додааст, ки наздиконаш ӯро пайдо кардаанд. Вақте кормандони паноҳгоҳ ба қаҳвахонаи таъиншуда омаданд, Авторханова ҳамроҳ бо хоҳаронаш ва панҷ чечен буд. Ин афрод Лаура Авторхановаро шиканҷа карда, баъдан бо худ бурданд.

Ба гузориши "Маарем", наздиконаш баъди дуздидани Авторханова ӯро ба шуъбаи пулис бурданд, то дар бораи ихтиёран тарк кардани Гурҷистон ариза нависад. Дертар хешовандони духтар шуъбаи пулисро тарк карданд ва баъди пурсиш, кормандони пулис Лаура Авторхановаро ба ҷойи бехатар бурданд.

Пулис таҳқиқ дорад, ки чигуна бо вуҷуди зери муҳофизат қарор доштани Лаура Авторханова, хешовандонаш ба ӯ наздик шуданд.