Рӯзи 16 май як маҳбуси эронӣ ҳангоми, ба гуфтаи мақомот, қасди фирор аз зиндони Ёвон ду тир хӯрда, ҳоло дар бемористони маҳбасҳо, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат таҳти табобат қарор дорад. Маҳдӣ Қамбарӣ, як маҳбуси 26-солаи эронӣ дар ҳоле мавриди таъқиб ва оташкушоии нозирони зиндони Ёвон қарор гирифт, ки то озодии комилаш аз маҳбас каме бештар аз як сол мондааст.
Ин шаҳрванди Эрон, ки аз қавми ҳазора будааст, соли гузашта бо ҷурми нақзи марзи Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум гардид ва то кунун як солу 2 моҳро дар маҳбас сипарӣ кардааст.
Масъулони раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, Маҳдии Қамбарӣ рӯзи 16-уми май замоне аз ҷониби нозирони зиндони Ёвон аз пушт ва пояш тир хӯрд, ки мехост аз зиндон фирор кунад.
Полковник Назирмад Ҳилолов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маҳбус бемории равонӣ дошт ва чанде пеш муддати беш аз моҳ дар бемористон табобат ҳам гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, яке аз дигар маҳбусони эронӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард гуфт, аз ин пештар бо Маҳдии Қамбарӣ бевосита сӯҳбат доштааст. Ба гуфтаи вай, Қамбарӣ аз шароити бади маҳбасхона ва озору шиканҷааш шикоят доштааст. Ва аммо ин мусоҳиби мо , бемории равонӣ доштани Қамбариро рад мекунад.
Ӯ мегӯяд, «ӯ дар Тоҷикистон ҳамсар ва духтар дорад. Дар ин кишвар ба тиҷорати маҳсулоти хӯрокворӣ машғул буд ҳамчунин дар Афғонистон низ нуқтаи тиҷоратии ӯ амал мекард. Маъмулан ба нуқтаҳои тиҷоратияш аз Эрон маҳсулот меовард, аммо соли гузашта шиносномаи худро гум кард ва ба сари ӯ гуноҳи убури ғайриқонунии марзро бор карданд. Ҳатто худи ҷаноби Алиасғари Шеърдӯст, сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон дар ҷараёни ин қазия буд, аммо намояндагони сафорат боре ҳам дар мурофиаҳои Қамбарӣ ширкат надоштанд ва ӯро ду сол маҳкум ба зиндон намуданд.»
Аз сӯи дигар, ин мусоҳиби мо ба он ки Маҳдии Қамбарӣ қасди фирор аз маҳбасро доштааст, бовар надорад, зеро мегӯяд, чанд моҳ баъд бояд ӯ аз маҳбас озод мешуд. Гузашта аз ин ба гуфтаи вай ба пушти ин маҳбус аз фосилаи хеле наздик 3 тир парронда шудааст ва ин тирҳо бадани ӯро сӯрох карда гузаштаанд. Ӯ мегӯяд, аз замони парондан то расидани кумаки тиббӣ ҳудудан ду соат гузаштааст, ки дар ин муддат Қамбарӣ хунравии зиёд доштааст.
Гуфта мешавад, ҳоло ҳудуди 10 тан аз маҳбусони эронӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, ки аксарияти онҳо барои қаллобӣ ва авбошӣ муҷрим шинохта шудаанд. Аммо нозирони умур мегӯянд, ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки шаҳрвандони эронӣ ба хотири дарёфти паноҳандагии сиёсӣ ба Тоҷикистон меоянд ва баъзеи дигарашон ба манзури сафар ба кишвари саввум Душанберо макони зист мехонанд.