Дар Тоҷикистон бунёди як корхонаи азими истихроҷи сурма оғоз ёфт

Сармоягузории тарҳро ширкати “HK Skyline Development Limited” бар ӯҳда доштааст, ки як ширкати чинии сабтшуда дар Ҳонконг аст.

Дар Тоҷикистон ба бунёди як корхонаи азими истихроҷи сурма оғоз кардаанд, ки қарор аст, солона то 5 ҳазор тонна аз ин фулуззоти серхаридор дар бозорҳои ҷаҳонӣ истеҳсол кунад. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 11-уми июл хабар дода, гуфт, ки корҳои сохтмониро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ оғоз бахшид.

Дар ин баёния омадааст, корхонаи мазкур, аз кони маъдани Паҳндара дар ноҳияи Айнӣ cурма истихроҷ мекунад, ки аз фулуззоти гаронбаҳои лозим барои истеҳсоли абзорҳои электронӣ ва батареяҳо ба ҳисоб меравад. Ба қавли мақомот, кони маъдани Паҳнадаро ширкати бритониёии “Микон Интернэшнл” таҳқиқ карда ва ба захираҳои кон “баҳои баланд додааст”.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст: “Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз ҳисоби истихроҷи маъдан зиёда аз 150 ҳазор тонна, ҳаҷми истеҳсоли консентрати сурма то 50 ҳазор тонна бо таркиби то 35 фоиз сурма ва иқтидори солонаи корхонаи истеҳсоли маъдани сурма то 5 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст.”

Сармоягузории тарҳро ширкати “HK Skyline Development Limited” бар ӯҳда доштааст, ки як ширкати чинии сабтшуда дар Ҳонконг аст. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои истихроҷи конро нагуфтаанд, вале ба қавли мақомот, қарор аст, истихроҷи маъдан ва истеҳсоли сурма соли 2027 оғоз ёбад ва дар сурати ба фаъолият пардохтани он 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Истихроҷи бисёре аз конҳои маъдани табиӣ дар Тоҷикистонро ширкатҳои чинӣ сармоягузорӣ мекунанд ва шикоят аз олудагии муҳити зист дар маҳалли ин кону майдонҳо зиёд аст.