Фарангис Саидова, сокини шаҳри Душанбе: «Ҳама ҳуҷҷатҳоро доштам, танҳо санадаш насб набуд дар мошин. Ман пешниҳод кардам, расидеро, ки дар системаи смарт супоридаам. Ҳозир ҳамин хел система ворид кардаанд. Вайҳо инро рад карданд, гуфтанд, ки нодуруст, ин сохтагӣ. Агарчӣ насанҷиданд, надиданд.»
Пофишориҳо барои ҳақ буданаш натиҷа надодааст: “Гуфтам аввал санҷед, фаҳмед инҷо агар ягон камбудӣ аз тарафи ман бошад ҳақ доред, ки мошини маро маҳкам кунед, лекин ман, ки супоридаам ҳамин чизҳоро, шумо ҳақ надоред, мошини маро маҳкам кунед. Ҳоло онки системаи смартии шумо кор намекунад, ин мушкилоти шумост. Хулоса шудем муноқиша, онҷо як кашокаши зиёд шуд, гуфтанд, мебарем, маҳкам мекунем.»
Мегӯяд, аз бархӯрди ду нозирони роҳ маълум буд, ки бе баҳсу даъвои бештар пул пешниҳод мекард, раҳо мешуд, вале ба пардохти ҷарима бартарӣ додааст.
Фарангис Саидова: «Агар адолат мебуд, аз рӯи қонун месанҷид. Вай, ки насанҷид муаммо аз ҳамин сар шуд, ки ҳамон чекеро, ки ман доштам сохта баровард. Агар ман дар онҷо ба онҳо чойпулӣ пешниҳод мекардам, ҳатман маро ҷавоб медоданд.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ронандаи мошини сиёҳшиша аз "ҷаримаи ноодилона" шикоят дорад
Рӯзи 3-уми июл дар идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ иддаои Фарангисро беасос хонда, таъкид карданд, ки ӯ бештар аз 4 моҳ бе иҷозаномаи сиёҳшиша мошин мерондааст. Дар ин ниҳод аз шарҳи бештари мавзуъ худдорӣ карданд. Фарангис санадҳои расмӣ, аз ҷумла расиди пардохти иҷозаи истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳро дорад. Мегӯяд, аз роҳи баҳсҳои додгоҳӣ шояд вақти зиёд лозим мешуд, то мошинашро аз ҷаримагоҳ гирад.
Ҳуқуқшинос Шабнами Искандар бар ин назар аст, агар нозирони роҳ бе таҳқиқи бештар беасос ронандаро ҷарима кардаанд, бояд назди қонун посух гӯянд, вале ҳамзамон таъкид мекунад, ки ронанда ҳам, ки ба бегуноҳияш далелу бовар дорад, лозим нест ҷарима супорад.
Шабнами Искандар, ҳуқуқшинос: «Дар ин ҳолат ронандаи автомошина аз болои кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ барои чунин амалашон ба прокуратураи генералии Тоҷикистон ё суд муроҷиат намоянд. Ҳамчунин ронанда дар асоси далелҳои собит, яъне дорои расиди боҷи давлатии сиёҳшиша доштанаш метавонад, ба миқдори 9 ҳазор сомонӣ зарари расонидашударо аз ҳисоби кормандони БДА руёнад.»
Фарангис ҳоло интизор надорад, ҷаримаи супурдаашро пас гардонад, балки муҷозоти нозирони роҳу пешгирӣ аз амалеро мехоҳад, ки фикр мекунад, мисли ӯ нисбат ба дигар ронандаҳо низ сурат мегирад. Ҳоло мехоҳад, бо расонаӣ кардани қазия, баҳсро то додгоҳ низ кашонад, вале маълум нест то куҷо муваффақ мешавад.