Як созмони мухолифи давлат ҳукми Дилмурод Эргашевро "золимона" хонд

Дилмурод Эргашев

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд, як созмони мухолифи давлат ва хориҷ аз Тоҷикистон ҳукми зиндони Дилмурод Эргашев яке аз аъзои ин созмонро “золимона” хонда, сахт маҳкум кардааст.

Дар баёнияи расмии созмон, ки рӯзи 10-уми июл нашр шуд, омадааст, “Ӯ ҷинояткор нест, балки шахси озодандеш, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимоятгари арзишҳои демократӣ мебошад, ки танҳо барои мавқеи сиёсӣ ва муборизаи осоиштаи худ бар зидди диктатура ба таври беасос ва золимона равонаи зиндон шудааст. “

Додгоҳи ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе Дилмурод Эргашевро рӯзи 27 феврали имсол бо гуноҳи “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ” ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дилмурод Эргашев узви пешини созмони "Гуруҳи 24" аст, ки бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон экстремистию террористӣ эълон ва фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст. Пас аз берун шудан аз ин созмон, ӯ ба Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон пайваст.

Дар баёнияи ин созмон омадааст, Эргашев, ки пас аз 13 соли зиндагӣ дар Олмон моҳи ноябри соли 2024 ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми сохта ва ангезаи комилан сиёсӣ равонаи зиндон кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир барои саркӯби дигарандешон, зиндонӣ кардани хабарнигорону мунтақидони давлат аз тарафи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ батакрор танқид мешунавад.