Мақомоти интизомии Русия раиси Иттиҳодияи озаритаборон дар вилояти Маскав Элшон Иброҳимро рӯзи 10-уми июл ба ватанаш Озарбойҷон ихроҷ кардаанд. Панҷ рӯз пеш аз ин ӯро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум сохтанд.
Нашрияи “Известия” видеои ҳузури Иброҳимов дар фурудгоҳро нашр кард, ки онҷо тасдиқ мекард, ки ихроҷаш ба Озарбойҷон барои ғайриинтизор буд ва андаке нороҳат ҳам шудааст. Элшон Иброҳимов тақрибан 30 сол зиндагӣ мекард ва аз соли 2018 раиси Иттиҳодияи озаритаборон дар Вилояти Маскав буд. Ба гуфтаи телевизиони РБК сабаби маҳрум кардани Иброҳимов аз ҳаққи шаҳрвандии Русия амалкардҳои ӯ аст, ки “барои амнияти миллии Русия хатар эҷод мекунад.” Худи Иброҳимов қазияро шарҳ надода гуфтааст, ки баъди чанд рӯзи бозгашт ба Озарбойҷон дар ин бора суҳбат мекунад.
Ихроҷи раҳбари яке аз иттиҳодияҳои озаритаборони Русия дар пасманзари якбора бад шудани робитаҳои ин кишвар бо Озарбойҷон сурат мегирад. Робитаҳо баъди он сард шуд, ки рӯзи 27-уми июн маъмурони амниятии Русия даҳҳо нафар озаритаборро дар робита ба чанд қатли фармоиши дар солҳои 2001-2010 дастгир карданд ва ду нафари онҳо ҳангоми боздошт ба ҳалокат расиданд.
Хешовандони кушташудагон мегӯянд, ки наздикони онҳоро то дами марг латукӯб кардаанд, ҳарчанд ба қавли мақомоти интизомии Русия сабаби марги онҳо бемории дил будааст. Дар посух ба ин рафтори мақомоти Русия, дар Озарбойҷон даҳҳо шаҳрванди Русия, аз ҷумла хабарнигорони хабаргузории давлатии “Спутник”-ро дастгир карданд, ҳарчанд ин расона аз моҳи апрел дар Озарбойҷон аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуда буд.