Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Путин моҳи сентябр ба Душанбе меояд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ.

Владимир Путин, президенти Русия моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ аз қавли нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода навиштаанд. Расулзода рӯзи 29-уми апрел дар Қазон бо ҳамтои русаш Михаил Мишустин мулоқот дошт. Ин мақомдори тоҷик гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳангоми сӯҳбати телефонӣ дар мавриди сафари президенти Русия ба Тоҷикистон дар нимаи дуввуми моҳи сентябр ба мувофиқа расидаанд. Раҳбарони ду кишвар рӯзи 23-юми апрел дар гуфтугӯи телефонӣ аз ҷумла мавзӯъи амнистияи муҳоҷиратӣ ва зиёд кардани парвозҳоро матраҳ намуда буданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Тоҷикистон бунёди як корхонаи азими истихроҷи сурма оғоз ёфт

Сармоягузории тарҳро ширкати “HK Skyline Development Limited” бар ӯҳда доштааст, ки як ширкати чинии сабтшуда дар Ҳонконг аст.
Сармоягузории тарҳро ширкати “HK Skyline Development Limited” бар ӯҳда доштааст, ки як ширкати чинии сабтшуда дар Ҳонконг аст.

Дар Тоҷикистон ба бунёди як корхонаи азими истихроҷи сурма оғоз кардаанд, ки қарор аст, солона то 5 ҳазор тонна аз ин фулуззоти серхаридор дар бозорҳои ҷаҳонӣ истеҳсол кунад. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 11-уми июл хабар дода, гуфт, ки корҳои сохтмониро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ оғоз бахшид.

Дар ин баёния омадааст, корхонаи мазкур, аз кони маъдани Паҳндара дар ноҳияи Айнӣ cурма истихроҷ мекунад, ки аз фулуззоти гаронбаҳои лозим барои истеҳсоли абзорҳои электронӣ ва батареяҳо ба ҳисоб меравад. Ба қавли мақомот, кони маъдани Паҳнадаро ширкати бритониёии “Микон Интернэшнл” таҳқиқ карда ва ба захираҳои кон “баҳои баланд додааст”.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст: “Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз ҳисоби истихроҷи маъдан зиёда аз 150 ҳазор тонна, ҳаҷми истеҳсоли консентрати сурма то 50 ҳазор тонна бо таркиби то 35 фоиз сурма ва иқтидори солонаи корхонаи истеҳсоли маъдани сурма то 5 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст.”

Сармоягузории тарҳро ширкати “HK Skyline Development Limited” бар ӯҳда доштааст, ки як ширкати чинии сабтшуда дар Ҳонконг аст. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои истихроҷи конро нагуфтаанд, вале ба қавли мақомот, қарор аст, истихроҷи маъдан ва истеҳсоли сурма соли 2027 оғоз ёбад ва дар сурати ба фаъолият пардохтани он 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Истихроҷи бисёре аз конҳои маъдани табиӣ дар Тоҷикистонро ширкатҳои чинӣ сармоягузорӣ мекунанд ва шикоят аз олудагии муҳити зист дар маҳалли ин кону майдонҳо зиёд аст.

Роҳбарони Фаронса ва Бритониё хостори таҳрими бештар алайҳи Русия шуданд

Роҳбарони Фаронса ва Бритониё хостори ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русия шудаанд, то Маскав ба оташбас дар Украина розӣ шавад.

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё гуфт, тамаркузи кишварҳо бояд ба он равона шавад, ки Владимир Путинро сари мизи музокирот баргардад. "Ин фишори муштарак тағйироте хоҳад овард,"-гуфт нахуствазири Бритониё.

Изҳороти роҳбарони Фаронса ва Бритониё дар ҷараёни ҳамоиши кумакрасонҳои Украина дар шаҳри Рими Итолиё садо дод.

Эмануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса аз кишварҳои муттаҳид даъват кард, ки фишорро ба Русия бештар кунанд. Макрон таъкид кард, ки фишор бар рӯи иқтисоди Русия метавонад вазъро тағйир диҳад.

Роҳбарони Аврупо дар нишасти Рим таъкид карданд, ки ҷойгир кардани неруҳои посдори сулҳ дар Украина, баъди барқарории оташбас фавран амалӣ карда мешавад. Маскав қаблан ба ҳузури ҳамагуна неруҳои посдори сулҳ дар Украина мухолифат кардааст.

Трамп гуфт, аз тариқи НАТО ба Украина силоҳ мефиристад

Доналд Трамп.
Доналд Трамп.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 10 июл гуфт, ки Вашингтон аз тариқи НАТО ба Украина кӯмакҳои низомӣ фароҳам хоҳад кард.

Трамп дар суҳбат бо шабакаи хабарии NBC афзуд, ки фикр мекунад рӯзи душанбе суханони муҳиме дар бораи Русия хоҳад гуфт.

Дар чанд рӯзи ахир раисҷумҳури Амрико аз президенти Русия бинобар пешрафтҳое надоштан дар таъмини оташбас байни Русия ва Украина, интиқодҳои сахт кард.

Трамп дар гуфтугӯ бо NBC афзуд, ки Амрико аслиҳаро дар ихтиёри НАТО қарор хоҳад дод ва НАТО онро ба Украина хоҳад фиристод.

Раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки пули ин аслиҳаро аъзо НАТО хоҳанд пардохт.

Пас аз баргашт ба қудрат дар моҳи январи имсол, ин нахустин бор аст, ки Доналд Трамп бар асоси салоҳиятҳое, ки вижаи президенти Амрико аст, ба Украина силоҳ мефиристад.

Вазорати тандурустӣ марги як нафар аз бемории сӯхтаниро рад кард

Бинои ҳукумати ноҳияи Хуросон.
Бинои ҳукумати ноҳияи Хуросон.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон марги як сокини ноҳияи Хуросон аз бемории сӯхтаниро рад кардааст. Аммо ин ниҳод тасдиқ кардааст, ки дар ноҳияи Хуросон се кас ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шуда, шифо ёфтаанд.

Рӯзи 9-уми июн пайвандони Қамариддин Раҳимов, сокини ноҳияи Хуросон гуфта буданд, ки эҳтимолан бародарашон баъди истеъмоли гӯште, ки аз дӯкони деҳа харида буд, ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шуда, фавтид.

Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби марги Раҳимов бемории ҷигар аст. Дар Вазорати тандурустӣ гуфтанд, гӯштеро, ки ин сокини Хуросон гӯё аз он сироят ёфтааст, санҷиданд ва дар он аломатҳои бемории сӯхтанӣ пайдо нашуд.

Иттилои алтернативӣ дар ин бора дастрас нест.

Вазорати тандурустӣ далел овардааст, ки агар Қиёмиддин Раҳимов баъди истеъмоли гӯшти аз дӯкони деҳа харида сироят мешуд, бояд дигар сокинони деҳа ҳам ба бемории сӯхтанӣ мубтало мешуданд.

Бо ин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки се сокини ноҳияи Хуросон ба бемории сӯхтанӣ сироят ёфта, баъди табобат сиҳат шуданд.

Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.

Дар ҳоле, ки иттилои алтернативӣ дар даст нест, Вазорати тандурустӣ хабарҳо дар бораи сӯзондани даҳ гов дар ноҳияи Хуросонро баъди мубтало ба сӯхтанӣ, рад кардааст.

Сӯхтанӣ як бемории хатарноке мебошад, ки аз ҳайвон ба инсон мегузарад.

Милисаи Душанбе 90 касро барои фолбинӣ ҷазо додааст

Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, дар нимаи аввали соли равон танҳо дар пойтахти кишвар 90 кас барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо гирифтанд.

Дар хабарномаи расмӣ нисбати 84 кас парвандаи маъмурӣ тартиб дода, онҳо ҷарима шудаанд.

Аммо ба гуфтаи мақомот, 6 нафари дигар, ки такроран ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ даст заданд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, "нисбаташон ҷазои сазовор татбиқ гардидааст".

Мақомот мушаххасан ҷазои онҳоро нагуфтанд. Мақомоти Тоҷикистон аз аввали имсол як маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз карданд.

Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.

Як созмони мухолифи давлат ҳукми Дилмурод Эргашевро "золимона" хонд

Дилмурод Эргашев
Дилмурод Эргашев

Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд, як созмони мухолифи давлат ва хориҷ аз Тоҷикистон ҳукми зиндони Дилмурод Эргашев яке аз аъзои ин созмонро “золимона” хонда, сахт маҳкум кардааст.

Дар баёнияи расмии созмон, ки рӯзи 10-уми июл нашр шуд, омадааст, “Ӯ ҷинояткор нест, балки шахси озодандеш, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимоятгари арзишҳои демократӣ мебошад, ки танҳо барои мавқеи сиёсӣ ва муборизаи осоиштаи худ бар зидди диктатура ба таври беасос ва золимона равонаи зиндон шудааст. “

Додгоҳи ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе Дилмурод Эргашевро рӯзи 27 феврали имсол бо гуноҳи “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ” ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дилмурод Эргашев узви пешини созмони "Гуруҳи 24" аст, ки бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон экстремистию террористӣ эълон ва фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст. Пас аз берун шудан аз ин созмон, ӯ ба Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон пайваст.

Дар баёнияи ин созмон омадааст, Эргашев, ки пас аз 13 соли зиндагӣ дар Олмон моҳи ноябри соли 2024 ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми сохта ва ангезаи комилан сиёсӣ равонаи зиндон кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир барои саркӯби дигарандешон, зиндонӣ кардани хабарнигорону мунтақидони давлат аз тарафи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ батакрор танқид мешунавад.

Раҳбари иттиҳодияи озаритоборони Маскавро ба Озарбойҷон ронданд

Элшон Иброҳимов
Элшон Иброҳимов

Мақомоти интизомии Русия раиси Иттиҳодияи озаритаборон дар вилояти Маскав Элшон Иброҳимро рӯзи 10-уми июл ба ватанаш Озарбойҷон ихроҷ кардаанд. Панҷ рӯз пеш аз ин ӯро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум сохтанд.

Нашрияи “Известия” видеои ҳузури Иброҳимов дар фурудгоҳро нашр кард, ки онҷо тасдиқ мекард, ки ихроҷаш ба Озарбойҷон барои ғайриинтизор буд ва андаке нороҳат ҳам шудааст. Элшон Иброҳимов тақрибан 30 сол зиндагӣ мекард ва аз соли 2018 раиси Иттиҳодияи озаритаборон дар Вилояти Маскав буд. Ба гуфтаи телевизиони РБК сабаби маҳрум кардани Иброҳимов аз ҳаққи шаҳрвандии Русия амалкардҳои ӯ аст, ки “барои амнияти миллии Русия хатар эҷод мекунад.” Худи Иброҳимов қазияро шарҳ надода гуфтааст, ки баъди чанд рӯзи бозгашт ба Озарбойҷон дар ин бора суҳбат мекунад.

Ихроҷи раҳбари яке аз иттиҳодияҳои озаритаборони Русия дар пасманзари якбора бад шудани робитаҳои ин кишвар бо Озарбойҷон сурат мегирад. Робитаҳо баъди он сард шуд, ки рӯзи 27-уми июн маъмурони амниятии Русия даҳҳо нафар озаритаборро дар робита ба чанд қатли фармоиши дар солҳои 2001-2010 дастгир карданд ва ду нафари онҳо ҳангоми боздошт ба ҳалокат расиданд.

Хешовандони кушташудагон мегӯянд, ки наздикони онҳоро то дами марг латукӯб кардаанд, ҳарчанд ба қавли мақомоти интизомии Русия сабаби марги онҳо бемории дил будааст. Дар посух ба ин рафтори мақомоти Русия, дар Озарбойҷон даҳҳо шаҳрванди Русия, аз ҷумла хабарнигорони хабаргузории давлатии “Спутник”-ро дастгир карданд, ҳарчанд ин расона аз моҳи апрел дар Озарбойҷон аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуда буд.

Як афсари баландрутбаи Хадамоти Махсуси Украинаро куштаанд

Бино ба гузориши расонаҳои Украина, яке аз афсарони баландрутбаи Хадамоти махсуси ин кишвар рӯзи 10-уми июн бо зарби тири туфанг кушта шудааст.

Матбуоти дохилӣ бо такя ба дафтари матбуоти Хадамоти Махсуси Украина навиштаанд, ки ҷасади полковники хадамот, ки номашро набурдаанд, дар ноҳияи Голосеев дар шаҳри Киев пайдо кардаанд.

Вале Игор Мосийчук, вакили собиқи украинӣ гуфтааст, ки афсари кушташуда Иван Воронич, яке афсарони Маркази амалиётҳои махсуси хадамот будааст ва ӯро бо зарби 5 тири туфанги сокит куштаанд ва қотил аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба дарё афтидани як мошин дар Бадахшон боиси марги 4 кас шуд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи ба дарё афтидани як мошин дар ноҳияи Роштқалъа, чор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳодиса субҳи 8-уми июл рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи 36-сола ҳангоми убур аз роҳи марказии ноҳияи Роштқалъа аз уҳдаи идораи нақлиёти “Нива” набаромада, ба дарё сарозер шудааст.

Мақомот мегӯянд, ронанда ва се мусофири нақлиёт, ки ду нафарашон зан буд, ғарқ шудаанд.

Ҷасади як нафари онҳоро пайдо кардаанд ва мақомот гуфтанд, ҷустуҷӯи дигарон идома дорад.

Ҳамасола бар асари сонеаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ дар Русия бо иттиҳоми гаравгонгирӣ

Мақомоти қудратии Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми гаравгон гирифтани як ҳамватанашон боздошт кардаанд.

Хабаргузории русии ТАСС аз қавли мақомоти Русия навиштааст, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Маскав мезистанд ба шаҳри Обнински вилояти Калуга омада, як ҳамватани худро ба асорат гирифтаанд. Ному насаби боздоштшудаҳо ва ҷабрдида нашр нашудааст.

Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия пештар хабар дода буд, ки як марди сокини шаҳри Обнинск бо нафаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос мешавад, вале баъдан миёни онҳо баҳс сар мезанад.

Боздоштшудаҳо аз шаҳри Маскав ба Обнинск омада, ҷабрдидаро аз хонааш бароварда, ба ҷойи беодам мебаранд ва латукӯб мекунанд. Ҳолати шиканҷаи мард дар навор сабт шудааст.

Алайҳи ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми рабудани одам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Кодекси ҷиноии Русия барои ин кор аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Иттилои алтернативӣ дар бораи ҳодиса дастрас нест.

Дар гузашта шикоятҳои зиёде аз муҳоҷирони тоҷик садо дода буд, ки ҳамватанони худашон онҳоро фиреб медиҳанд.

Дар финали қаҳрамонии бошгоҳҳои ҷаҳон "Челси" ва "ПСЖ" бозӣ мекунанд

Дастаи “ПСЖ” ("Пари Сен-Жермен")-и Фаронса, ки дар бозии дуюми ниманиҳоии қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 тими "Реал"-и Мадриди Испанияро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, ба финали мусобиқот роҳ ёфт.

Бозии дуюми ниманиҳоӣ шаби 9-уми июл дар варзишгоҳи "Метлайф"-и Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир гардид.

Аз чаҳор голи "ПСЖ" дутоашро нимҳимоятгари испаниягӣ Фабиан Руис, ки беҳтарин бозигари ин дидор эътироф шуд, дар дақиқаҳои 6-ум ва 24-ум ба самар расонд.

Боз якголиро ҳамлагари фаронсавӣ Усмон Дембеле дар дақиқаи 9-ум ва ҳамлагари португолӣ Гонсалу Рамуш дар дақиқаи 88-ум заданд.

Ба ин тартиб, “ПСЖ” дар финали қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025, ки 13-уми июл баргузор мешавад, бо "Челси"-и Лондони Англия рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, “Челси”, ки дар даври ниманиҳоии қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 тими «Флуминенсе»-и Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, аввалин шуда ба финали мусобиқот роҳ ёфт.

Бозии аввали ниманиҳоӣ шаби 8-уми июл дар варзишгоҳи "Метлайф"-и Ист-Ратерфорди ИМА доир гардид. Ҳарду голро ҳамлагари нави “Челси” Жоао Педро дар дақиқаҳои 18-ум ва 56-уми дидор ба дарвозаи «Флуминенсе» зад.

Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 15-уми июн оғоз ёфта буд, 13-уми июл ба поён мерасад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 125 миллион доллар тақдим мегардад. Маблағи боқимонда байни иштироккунандгони дигари мусобиқот мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон тақсим карда мешавад.

Си Эн Эн: Трамп ба Путин гуфтааст, ки Маскавро "зеру забар" мекунад

Бино ба гузоришҳо Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар давраи аввали раҳбариаш ба Владимир Путин таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина Маскавро бомборон ва зеру забар мекунад.

Сабти суҳбати Доналд Трамп дар бораи ин гуфтугу бо раиси ҷумҳури Русияро телевизиони Си Эн Эн нашр кард. Кохи Сафед, ё Доналд Трамп ҳанӯз ин гузоришро шарҳе надодаанд. Дар ин суҳбат дар ҳузури донорҳои маъракаи интихоботиаш дар соли 2024 ва зимни ёдоварӣ аз давраи аввали раёсати ҷумҳурӣ дар солҳои 2017-2021 Доналд Трамп гуфтааст: ”Ман ба Путин гуфтам, ки агар ба Украина ҳамла кунед, Маскавро бомборон ва зеру забар мекунам. Дигар интихоб нахоҳам дошт. “

Доналд Трамп дар идома мегӯяд, ки Путин дар посух ба вай гуфтааст, ки ба ин таҳдидаш бовар надорад, ҳарчанд ба қавли Трамп “Путин ба ин таҳдид 10 дар сад бовар кардааст.” Дар бораи ин суҳбатҳо нашрияи Вашингтон Пост моҳи майи соли гузашта навишт, аммо худи навори савтии суҳбат ҷое то кунун нашр нашуда буд.

Дар ҳамин суҳбат Доналд Трамп ҳамчунин мегӯяд, ки ба Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ҳам гуфтааст, ки агар кишвараш ба Тайван ҳамла кунад, Амрико ба Пекин зарба мезанад. Доналд Трамп борҳо гуфтааст, ки агар соли 2022 раиси ҷумҳур мебуд, Русия ба Украина ҳамла намекард ва ҳамеша Ҷо Байден. раиси ҷумҳури собиқро сабабгори таҷовузи Русия ба хоки Украина меномад. Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия дар посух ба дархости хабарнигорон дар бораи шарҳи ин хабар ба онҳо гуфтааст, ки ин суолро аз ҳукумати Амрико бипурсанд.

Амрико ба Украина дар муқовимат ба зидди Русия бо аслиҳаву дигар муҳимоти ҷангӣ кӯмак мекунад, аммо гуфтааст, ки ҳеч қасди фиристодани сарбоз ба Украина ва ё нақши мустақим дар ин ҷанг надорад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро дар зиндон танбеҳ додаанд

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори зиндонии тоҷик.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори зиндонии тоҷик.

Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик мегӯянд, чор моҳ аст, ки аз аҳволи ӯ хабаре надоранд.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари рӯзноманигор ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, баъди моҳи март пайвандонашон чанд маротиба барои дидани Пирмуҳаммадзода ба зиндони Хуҷанд рафтанд, вале мақомот иҷозаи мулоқот надоданд. Наздиконаш мегӯянд, аз моҳи март ба ин тараф ба ин рӯзноманигор ҳатто иҷозаи занг задан ба наздиконашро намедиҳанд.

Шарҳи расмии мақомот дар ин бора дастрас нест.

Бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфтааст, аз рӯи шуниди онҳо, моҳи март намояндагони комиссияи афв ба зиндон рафта, рӯйхати маҳбусонеро тартиб медоданд, ки қарор буд, озод шаванд.

"Бародарам ба комиссияҳо мегӯяд, ки "ман бегуноҳам, чаро номи маро ба рӯйхати озодмешудаҳо ворид намекунед?". Комиссия чизе намегӯяд, вале баъди рафтани онҳо, масъулини зиндон бародарамро ҷазо медиҳанд. Чуноне огоҳ шудем, ҳоло дар ҳуҷраи камераи ҷаримавӣ (ШИЗО) аст",-гуфтааст бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода.

Радиои Озодӣ талош дорад шарҳи расмии мақомот дар ин бора ба даст орад.

Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш айбномаро борҳо рад кардаанд.

Ин рӯзноманигор баъди боздошт дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-и мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.

Мақомоти Тоҷикистон баъди соли 2022 беш аз даҳ хабарнигор ва блогерро боздошт ва дар мурофиаҳои пӯшида ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои озодии хабарнигорон то ин дам нодида гирифта шудааст.

Дар 6 моҳ дар Тоҷикистон 91 нафар ғарқ шудаанд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар нимаи аввали соли равон 91 нафар дар Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Дар ин бора Ориф Нозимиён, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи Нозимиён, теъдоди ғарқшудагон дар қиёс ба шаш моҳи аввали соли гузашта, 5 нафар бештар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар хабарномае аз сокинон дархост кардааст, ки фарзандонашонро аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда боздоранд. Бо вуҷуди ин таъкидҳои мақомот, ҳамасола дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар, бахусус наврасону ҷавонон, ғарқ мешаванд.

Як шикояти сокинон дар пойтахт ин аст, ки маконҳои оббозӣ гарон аст ва наврасон дар рӯзҳои гарм маҷбур мешаванд дар ҷойҳои хатарнок оббозӣ кунанд.

Додгоҳи Гаага ҳукми боздошти раҳбар ва раиси Додгоҳи олии Толибонро содир кард

Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода (аз рост) ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ (аз чап).
Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода (аз рост) ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ (аз чап).

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Гаага ҳукми боздошти Ҳайбатулло Охунзода, раҳбари Толибон ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ, раиси Додгоҳи олии ҳукумати ин гурӯҳро ба иттиҳоми "иртикоби ҷиноят алайҳи башар аз навъи озор ва азият ба далелҳои ҷинсиятӣ ва сиёсӣ", содир кардааст.

Додгоҳ дар хабарномае, ки рӯзи 8 июл нашр кард, ин ду танро муттаҳам кард, ки ба таври мустақим ё содир кардани дастур, сабабгори ҷиноят алайҳи башарият аз навъи озору азият бар асоси ҷинсият шудаанд.

Додгоҳ гуфтааст, ки бар асоси моддаи 7-и асосномаи Рум, озору азияти систематикӣ алайҳи занон, духтарон ва дигар афрод ба далоили ҷинсиятӣ ва сиёсӣ, ҷиноят алайҳи башарият ба шумор меравад.

Дар идома омадааст, ки ин озору азиятҳо аз замони ба қудрат расидани Толибон дар 15 августи соли 2021 алайҳи духтарон, занон ва дигар афроде, ки бо сиёсатҳои ҷинсиятии Толибон мувофиқ набуданд ва ҳамчунин алайҳи касоне, ки аз ҳуқуқҳои занон ва духтарон пуштибонӣ мекунанд, ҷорӣ шудааст.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар ин эъломия гуфтааст, ки Толибон сиёсатеро амалӣ кардаанд, ки боиси нақзи шадиди ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии ғайринизомиён, шудааст.

Додгоҳ афзудааст, ки Толибон бо он, ки маҳдудиятҳоро ба таври умумӣ ҷорӣ кардаанд, аммо занон ва духтарон ба таври махсус ба далели ҷинсияташон ҳадаф қарор гирифтаанд. Ин маҳдудиятҳо шомили маҳрумсозии систематикӣ аз ҳаққи таҳсил, озодии рафтуомад, баён, боварҳои динӣ ва ҳарими хусусӣ будаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар вокушиш ба ин ҳукми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфт, ки ин додгоҳро ба расмият намешиносанд ва иддао кард, ки раҳбаронашон адолатро тибқи шариати исломӣ дар Афғонистон татбиқ мекунанд.

Шуморе аз созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи занони афғон аз ин ҳукми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ истиқбол кардаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG